Мурсӣ: Эрон дар ҳалли буҳрони Сурия нақши муассир дорад
Раисҷумҳури Миср ба нақши муассири Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳалли буҳрони Сурия таъкид кард ва гуфт, ки равобит бо Эрон барои Миср дар ин марҳала аз аҳамият бархурдор аст.
Ба навиштаи хабаргузории Форс, Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури Миср дар гуфтугӯи телевизионие гуфтааст, ки Эрон тарафи аслӣ дар минтақа аст, ки метавонад нақши фаъол ва ҳимоятӣ дар ҳалли мушкили Сурия дошта бошад. «Вуҷуди иртибот бо Эрон барои Миср дар ин марҳала аз аҳамият бархурдор аст, то битавонад роҳеро барои поён додан ба хунрезӣ дар Сурия эҷод кунад»,-гуфтааст Мурсӣ.
Райисҷумҳури Миср ҳамчунин таъкид карда, ки наздикии танготанг ва равобити қавии Эрон бо Сурия, Эронро ҷузъе фаъол ва муассир дар ҳалли буҳрони Сурия мекунад ва аслан муътақид нестам, ки вуҷуди Эрон дар кумитаи чорҷониба як мушкил аст, балки бахше аз роҳи ҳалли мушкили Сурия аст