«Тафсири кодекси мурофиавии граждании Тоҷикистон»-ро қабл аз нашр баррасӣ мекунанд
Имрӯз, 24-уми сентябр дар Душанбе «Тафсири кодекси мурофиавии граждании Тоҷикистон»-ро баррасӣ мекунанд.
Аз Маркази миллии қонунгузорӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки тафсири кодекси мазкур аз ҷониби кормандони ин марказ таҳия гардида, ҳоло омодаи чоп аст. Гуфта мешавад, дар нишасте, ки ба ин муносибат баргузор мешавад, масъулини вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, коршиносону ҳуқуқшиносон иштирок мекунанд.
Манбаъ мегӯяд, мақсад аз баргузории ин ҳамоиш шарҳи меъёру муқарароти пешбинишуда дар китоби мазкур буда, баррасии он миёни иштирокчиён сурат мегирад.