Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як сокини шаҳри Душанберо боздошт карданд. Зимни пурсиш гумонбар ногаҳон худро аз тирезаи ошёнаи шашум ҳаво медиҳад.
Бобоҷон Шафиев, масъули Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Ситоди агентӣ ба Озодагон гуфт, ки дар ҷараёни кофтукови шахсӣ аз киссаи шими шаҳрванд «Д», 3 меъёри захиравии истеъмоли ҳероин ёфт шуд.
«Дар ҷараёни тартиб додани ҳуҷҷатҳо, номбурда ногаҳон худро аз тирезаи ошёнаи шашум ба зер ҳаво дод, ки дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид»,-афзуд манбаъ.
Ташхиси тиббии судӣ нишон дод, ки дар меъдаи шаҳрванд «Д» иловатан 3 меъёри дигари истеъмоли маводи мухаддири ҳероин пайдо шуд.
Айни замон аз рӯи ҳодисаи мазкур прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишот мебарад.