Дар Душанбе аз «Рӯзи ҷаҳонии туризм» таҷлил мекунанд
27-уми сентябр дар меҳмонхонаи Hyatt Regency конфронси сеюми миллӣ оид ба туризм баргузор мешавад, ки «Рӯзи ҷаҳонии туризм» ном дорад.
Конфронси мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи мусоидат ба рушди туризм ва Созмони ҷаҳонии туризми СММ гузаронда мешавад.
Лочин Файзуллоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки айни замон корҳо барои ҷалби даромад ба иқтисоди миллӣ аз ҳисоби соҳаи зудрушдёфтаистодаи туризм бурда мешаванд.
Мувофиқи маълумоти Кумита, аз аввали сол ба Тоҷикистон 65 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта теъдоди сайёҳон ба 110 ҳазор нафар мерасид.