Еврову рубл ба боло, доллар ба пойин
Қурби миёнаи доллари Амрико дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ поён фуромада, айни ҳол дар ҳудуди 4,8200-4,8400 сомонӣ хариду фурӯш мешавад.
Абдуғаффор Қурбонов, масъули маркази матбуотии Бонки миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, тайи чанд рӯзи ахир арзиши миёнаи асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар нуқтаҳои мубодилаи пули шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ тамоюли баландшавиро дошт ва ба ҳисоби миёна як рубли русӣ ба ба 0,1525-0,1535 сомонӣ ва евро ба 6,1350-6,1600 сомонӣ баробар шудаанд.
Бояд гуфт, тайи рӯзҳои охир қурби рубли русӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба 0,1494-0,1503 сомонӣ ва евро ба 6,0127-6,0350 сомонӣ баробар буд.