U-17: Тоҷикистон дарвозаи Ӯзбакистонро голборон кард
Футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ба дарвозаи ҳарифони узбаки худ чор голи беҷавоб заданд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон доварон ду голи задаи бозингарони тоҷикро ҳисоб накардаанд. Комрон Турсунов, Зокир Иброҳимов, Ҷаҳонгир Алиев ва Акрам Қурбонов муаллифони чор голи тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳастанд.
Дидори футболбозони то 17 солаи Тоҷикистон ва Узбакистон, рӯзи гузашта, 23-юми сентябр дар Ашқобод сурат гирифт.
Наврасони тоҷик дар бозии нахусти худ аз ҳамсолони укроинии худ бо ҳисоби 3:0 шикаст хӯрданд. Фардо, 25-уми сентябр бошад, онҳо бо тими Беларус вориди сабқат мешаванд.
Гуфтанист, дар сабқати Ҷоми президенти Туркманистон, ки 20-уми сентябр оғоз ёфта то 29-уми моҳи ҷорӣ идома меёбад, нӯҳ даста миёни ҳам қувваозмоӣ доранд.
Маблағи ҷоиза 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раисиҷумҳур ва 20 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Дастае, ки ҷойи дуюмро мегирад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки ҷойи севумро касб мекунад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд.