Ҳаҷми молу маҳсулоте, ки тайи ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ворид шудаст, нисбат ба молу маҳсулоте, ки аз кишвар содир шудаанд, се маротиба зиёдтар буда, Тоҷикистон ҳамоно ба қатори кишварҳои истеҳмолкунанда дохил мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ ҳаҷми воридот ба кишвар 2 миллиарду 300 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, ҳаҷми содирот ба 868 миллион доллар баробар шудаст. Харидории асосии молҳои Тоҷикистон Туркия маҳсуб ёфта, 35 фоизи молҳои содиротии Тоҷикистон ба ин кишвар интиқол мешавад. Ба қатори харидорони дигари молҳои тоҷикӣ- Чин, Афғонистон, Швейсария, Русия ва Қазоқистон номбар мешаванд. Аз Тоҷикистон асосан пахта ва алюминийи аввалия, маваҳои хушк содир мешавад.
Воридоти мол ба Тоҷикистон асосан аз Русия сурат мегирад. Ба иттилои расмӣ 25 фоизи молу маҳсулоте, ки ба кишвар ворид шудаст аз Русия сурат гирифтаст. Саҳми Қазоқистон дар воридот ба Тоҷикистон 16 фоиз ва аз Чин 11 фисадро ташкил медиҳад. Русия калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳаҷми додугирифт миёни ду кишвар дар ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ 648 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.