Корманди 44-солаи шӯъбаи БДА-и ноҳияи Рашт бар асари селхезӣ ҷони худро аз даст додааст. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иттилоъ доданд.
Тибқи хабари манбаъ, шоми дирӯз автомобили Саидхоҷа Толибов, аснои ҳаракат дар ҷодаи Рашт-Навобод бо сел бархӯрд карда, ба дарёи Сурхоб сарозер шудааст. Ҷасади ӯ субҳи имрӯз пайдо ва ба наздиконаш супорида шуд.
Ҳамчунин, бориши сел ва жолаи рӯзи 12 июн дар вилоёти Суғду Хатлон ва Бадахшон низ бойиси хисорот ва валангор гаштани манзили маскунину муассисаҳои давлатӣ гаштааст. Ба гуфтаи Нигора Солиева, корманди дафтари матбуотии кумитаи умури изтирорӣ, дар рустоҳои Понғоз, Саро, Бободархон ва Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар натиҷаи ҷорӣ шудани сел 86 манзили маскунӣ, 500 метр хатти барқ, 11 километр роҳи мошингард ва як пул хароб гардидааст. Борандагии шадид ва сел ба шаҳру навоҳии Панҷакент, Қайроққум, Шаҳристон ва Ғончии ин вилоят хисороти ҷиддии иқтисодӣ ворид кардааст.
Дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон ва Ёвони вилояти Хатлон низ бар асари бориши сел, беш аз 80 хона ва як мактаб осеб дидаанд.
Ёдрас менамоем, чанде қабл дар пайи боришоти пай дар пай ва ҷоришавии сел дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ду нафар бародарон зери селоб монда, ба ҳамин монанд дар рустои Шингаки ноҳияи Панҷакент як духтари 18-сола ҷони худро аз даст дода буд.