Таркиш ҷони 5 шаҳрвандро гирифт
Дар музофоти Урузгон инфиҷори мин сабаби марги 5 сокини осоишта шуд.
Дафтари матбуотии волии музофот гуфтааст, ки ҳамаи қурбониён-мард, ду зан ва ду духтарак аъзои як хонавода будаанд. Бино ба иттилои хабаргузории «Khaama Press» онҳо дар ҳоле, ба мин бархӯрдаанд, ки аз ҷои зисташон ба маркази маҳалла мерафтанд.
То кунун, ҳеч гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро бар душ нагирифтааст.