Як дабистони пойтахт ба системаи обгармкунакҳои офтобӣ гузашт
Дар мактаб- интернати №4-и шаҳри Душанбе системаи нави обгармкунакҳои офтобӣ ба истифода дода шуд.
Тавре аз сафорати ИМА ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ин кор дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани самаранокии истифодаи энергия дар биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе» имконпазир шудааст. Лоиҳаи мазкур бо мақсади такмил додани системаи гармкунӣ ва сарфаи нерӯи барқ дар мавсими зимистон, истифода кардани имкониятҳои васеи технологияҳои энергиясарфакунанда ва манбаъҳои энергияи барқароршаванда пешбинӣ шудааст.
Хонум Эрин Элизабет МакКи, сардори идораи минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар Осиёи Миёна гуфт, ки: «Ҳамкории дуҷониба ва дастгирӣ ба комёбии барномаҳои мо мусоидат намуда, ба ҳамаи мо ояндаи устувор ва равшанро таъмин менамояд».
Маврид ба зикр аст, ки давоми се соли охир, USAID 57 системаи обтаъминкунӣ бунёд кардааст, ки бо шарофати он 190 ҳазор нафар дар саросари Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шудаанд.