Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Пойбандӣ ба хориҷа ордро дар Тоҷикистон гарон кардааст
Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон яке аз сабабҳои ҷаҳиши нархи ордро, ки ахиран дар мамлакат сурат гирифт, пойбандии бозори орд ба хориҷа ва номунтазамии воридоти он мегӯянд.
Ҷаҳиши навбатии арзиши орд дар Тоҷикистон ҳафтаи ҷорӣ ба қайд гирифта шуд. Ба гуфтаи харидорон як халтаи 50 киллограмии орди навъи якуми қазоқӣ 20-30 сомонӣ қиматтар шуда, 165-175 сомониро ташкил медиҳад.
Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаби афзоиши нархро номунтазамии воридот ва афзоиши нарх дар давлатҳои тавлидкунанда арзёбӣ мекунанд.
Тибқи иттилои Хадамот дар моҳҳои июн-июл воридоти орду гандум ба кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе нисбатан кам шудаст. Тайи ин ду моҳ воридоти орд ба пойтахт 38,3 фоиз ва гандум 7,9 фисад коҳиш ёфтааст. Дар натиҷа талабот аз пешниҳод бештар шуда, мувозинати талаботу пешниҳод вайрон гардидааст, ки ин дар навбати худ барои афзоиши нархҳо мусоидат кардааст.
Дар қатори сабабҳои дигари афзоиши нархи орд масъулини Хадамот афзоиши арзиши гандум дар бозори ҷаҳониро ном мебаранд, ки дар натиҷаи коҳиши ҳаҷми интизории ғалладона дар кишварҳои истеҳсолкунанда - Қазоқистон, Русия, ИМА ва дигарҳо ба вуҷуд омадаст.
Дар маҷмӯъ тайи 7 моҳи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 210,2 ҳазор тонна орд ва 395,7 ҳазор тонна гандум ворид гардидааст. Талаботи солонаи Тоҷикистон ба орд ҳудуди 1,7 миллион тонна гандум ё 1,1 миллион тонна орд арзёбӣ мешавад.