Дар ноҳияи Сино авбошон тирпаронӣ карданд
Шаби 11-уми июн дар кӯчаи Алишери навои ноҳияи Сино пойтахт гурӯҳи авбошон бо истифода аз силоҳ сӯи сокинон тирпаронӣ кардаанд.
Аз Вазорати корҳои дохила ба «Озодагон» гуфтанд, ки тибқи аризаи шикоятии шаҳрвандон Олим Хоҷаеви 24 сола ва Аъзам Мадалиеви 41 сола соати 23:30 дар кӯчаи А. Навоӣ Эраҷ Обид ва ду нафари дигари шахсияташон номаълум бо таппончаи травматикии МР-79-9 ТМ ба пойи чапи шаҳрванд Олим Хоҷаев тир холӣ намуда, бо қундоқи он ба сари Аъзам Мадалиев кӯфтаанд. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ин афрод дар Маркази Милии Тиббӣ бистариянд.
Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯй шаҳрвандон Обид Мақсудови 27 сола (сокини кӯчаи Борбад, хонаи 122/36, айни замон дар ягон ҷо кор намекунад), Эраҷ Назарови 30 сола (истиқоматкунандаи кӯчаи Чехов, хонаи 31, бекор) дастгир шудаанд. Айни замон барои муайян ва дастгир намудани ду нафари дигар чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯй идома дорад. Далели шайъӣ таппонча, 1 адад тирдон бо 3 дона гилза, дарёфт шудааст.