Аҳволи «Сангтӯда-1» сармоягузорони русро мегурезонад
Таъхиркории «Барқи тоҷик» дар самти пардохти ҳаққи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки 75 фоизи саҳмияҳояш ба ширкати русии «Интер РАО ЕЭС» тааллуқ дорад, яке аз омилҳои асосии гурези сармояи Русия ба энергетикаи Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Мушкилоти «Сангтӯда-1» ҳамчунин далели асосии амалӣ нашудани тарҳи се нерӯгоҳи дигар арзёбӣ мешавад, ки ҳанӯз се сол пеш президенти вақти Русия Дмитрий Медведев омодагиро барои роҳандозияшон дар Тоҷикистон изҳор дошта буд. Масъалаи сохтмони ин се нерӯгоҳи миёнаиқтидорро дар Тоҷикистон, чанд моҳ пеш боз Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия вирди забон овард.
Масъулини энергетикаи Тоҷикистон мегӯянд, баъди изҳороти масъулини воломақоми Русия оид ба омодагии кишварашон барои сохтмони се нерӯгоҳи хӯрду миёна, ҷониби Тоҷикистон чанд лоиҳаро ба онҳо пешниҳод кардааст. Онҳо мегӯянд, ба ширкати русии «Интер РАО ЕЭС» сохтмони нерӯгоҳи иқтидораш 400 мегаватт дар дарёи Хингоб (ноҳияи Тавилдара), лоиҳаи нерӯгоҳи Оббурдон бо иқтидори 160-180 мегават (вилояти Суғд) ва лоиҳаи НБО-и Явроз бо иқтидори 120 мегаватт дар ноҳияи Ваҳдатро пешниҳод намудаанд. Аммо то ҳол масъалаи сохтмони ягонтои он аз ҷониби Русия ҳал нашудааст.
Сергей Лавров дар ин робита изҳор дошта буд, ки фаъолнокии кишвараш, дар робита ба сармоягузорӣ ба гидроэнергетикаи Тоҷикистон аз ҳалли мушкилоти вобаста ба фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» бастагӣ дорад. Масъулини «Сангтӯда-1», ки 75 фоизи саҳмияҳояш ба Русия ва 25 дар садаш ба Тоҷикистон тааллуқ доранд, шароити корашонро дар кишвар вазнин гуфта, дар ҳоли ҳозир бонги хатар мезананд, ки бо далели дарёфт нашудани маблағ эҳтимоли аз кор мондани нерӯгоҳ вуҷуд дорад.