Оксфам: Нархи ғалладона то 40 фоиз қимат мешавад
Таҳлилгарони Созмони байналмилалии Оксфам дар гузориши ҷадиди худ ҳушдор медиҳанд, ки дар пайи таъсири тағйирёбии иқлим нархи ғаллладона аз 20 то 40 фоизи дигар гарон шуда, теъдоди қашоқонро зиёд мегардонад.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ тайи солҳои бӯҳронӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифта буд, теъдоди гуруснагон боз 200 миллион нафари дигар бештар шуд. Ба иттилои созмон айни ҳол дар ҷаҳон бештар аз 2 миллиард нафар аз 50 то 70 фоизи даромадашонро барои озуқа сарф мекунанд. Ҷиҳати ҳалли мушкили камбуди озуқа дар ҷаҳон таҳлилгарони Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) барои ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон зарур медонанд, ки дастгирии хоҷагиҳои хӯрди кишоварзиро бештар намоянд. Дар шароити рушди рӯзафзуни шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон саҳми хоҷагиҳои хӯрд дар ҳалли камбуди ғизо метавонад бузург бошад.
Камбудии корпоратсияҳои калони кишоварзиро масъулини ФАО дар он медонанд, ки дар сурати таъмин нагардидани ҳосилнокии хуб бозори озуқаро зуд камбуди мол фаро мегирад, ки якбора ҷаҳиши нархҳоро ба бор меорад. Дар Тоҷикистон баъди гузаштан аз сохтори коллективӣ аз колхозу совхозҳои калон ба хоҷагиҳои хӯрд мушкили бахши кишоварзӣ пурра ҳал нашудааст. Коршиносони соҳа мегӯянд, давлатро зарур аст, то шароитро барои дастрасии васеи деҳқонон ба техника, тухмӣ ва нерӯҳои минералӣ таъмин намояд.