Тамоми сол танҳо 58 фоизи нерӯгоҳҳои хӯрди Тоҷикистон кор мекунанд
Масъулини энергетикаи Тоҷикистон мегӯянд, дар фасли гармо 42 фоизи нерӯгоҳҳои кишвар аз кор мемонанд. Далели ин ҳолат зиёд будани истеҳсоли барқ арзёбӣ мешавад, ки ҳоҷат ба фаъолияти нерӯгоҳҳои хӯрдро аз байн мебарад.
Аз 271 нерӯгоҳи хӯрд, ки то ҳол дар кишвар сохта шудаанд, танҳо 159 ададашон тамоми сол фаъолият мекунанду халос. Тайи ҳашт моҳи аввал дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ боз 6 нерӯгоҳи хӯрд сохта шудаанд, ки иқтидори умумиашон бештар аз 1,1 мегаваттро ташкил медиҳад.
Масъулини ширкати холдингии «Барқи тоҷик» мегӯянд, аз нерӯгоҳҳои хӯрди мавҷуда дар кишвар танҳо фаъолияти 14 тои он зери назорати қатъии онҳо қарор дорад. Боқимондаро шахсони инфиродӣ ва сохторҳои дигар назорат мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, фасли сармои гузашта нишон дод, ки нерӯгоҳҳои барқи обии хӯрд камбудиҳои худро доранд. Аз ҷумлаи норасоиҳо зимни истифодабарии нерӯгоҳҳои хӯрд пеш аз ҳама норасоии об дар фасли сармо ва аз кор баромадани барномаҳои компютерии худкор мебошад: «Барои самаранок сохтани фаъолияти нерӯгоҳҳои хӯрд дар Тоҷикистон роҳбарияти «Барқи тоҷик» супориш додаст, ки дар сохтори шабакаҳо гурӯҳи таъмирӣ ташкил шаванд».
Масъулини ширкат мегӯянд, дар натиҷаи ташкили гуруҳҳои таъмирӣ ва ба истифодадиҳии нерӯгоҳҳои хӯрди нав тайи моҳҳои январ-июл дар кишвар 34 ҷойи нави корӣ муҳайё шуд.
Ба гуфтаи масъулин давоми нимсолаи аввали соли 2012 нерӯгоҳҳои хӯрди зертобеи ширкат 2,2 миллион килловат/соат нерӯи барқ истеҳсол намудаанд.