Ғончӣ бо ҳашар мактаб сохт
Дар деҳаи Овчии ноҳияи Ғончӣ як дабистони нав дарҳои худро ба рӯи хонандаҳо боз кард. Дар расми ифтитоҳи он Қохир Расулзода, райиси вилояти Суғд ширкат дошт.
Мактаби мазкур дар заминаи таълимгоҳи №19-и деҳа бо ташаббуси раёсати хоҷагӣ, саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ, мардуми деҳа ва худи омӯзгорону хонандагон ба таври ҳашар бунёд шудааст. Дабистон аз 10 синфхонаи иловагӣ ва 2 ҳуҷраи корӣ иборат аст. Мактаб бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ тариқи ҳашар сохта ва ба истифода дода шуд.
Ба омори расмӣ дар арафаи соли таҳсили имсола дар вилояти Суғд 135 синфхонаи иловагӣ барои 4165 ҷои нишаст сохта шудааст, ки маблағи онҳо 14 миллион сомониро ташкил медиҳад.