Омилҳои худкушӣ миёни ҷавонони деҳотро ҷустуҷӯ мекунанд
«Афзоиши худкӯшӣ миёни ҷавонон, бахусус ҷавонони деҳот ниҳодҳои марбутаи ҳокимияти давлатиро нигарон месозад»,-мегӯяд, Мастура Нурова, масъули Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон.
Номбурда дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, ки ҷиҳати рафъи ин мушкил дар миқёси қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ як сил-сила чорабиниҳои судманд анҷом дода мешавад. Зимнан, корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе» бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 22-юми сентябр дар ҷамоати деҳоти Россия ва 25-уми сентябр дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия Рӯдакӣ дар самти пешгирии омилҳои худкушӣ миёни ҷавонони деҳот семинар-машварат бо ҷалби масъулини ниҳодҳои марбута баргузор менамояд.
Мастура Нурова афзуд: «Ҳадафи асосӣ аз тадбиқи ин барнома тавассути бургузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотӣ раҳнамун сохтани қишри муқаввои ҷомеаи тоҷик-ҷавонон ба самти бедории иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, сафарбар намудани онҳо ба интихоби огоҳона ва ба ин васила коҳиш додани мизони худкушӣ миёни насли наврас ва ҷавон ва дигар сокинони Тоҷикистон мебошад».
Сарчашмаи хабар илова кард, ки масъулин ва коршиносон масъалаи худкуширо ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, равонӣ ва ахлоқӣ мавриди баррасӣ қарор дода, тариқи усулҳои фаъоли муошират сатҳи иттилоотии ҷавононро дар робита бо масъалаи худкушӣ мушаххас хоҳанд кард.