Қаззофӣ: Ман на шоҳаму на президент…
"Бори дигар мегӯям, ки ба ҳеч ваҷҳ аз кишвар берун нахоҳам рафт". Дар ин бора Муаммар Қаззофӣ, сарвари Либия зимни мулоқоташ бо президенти ФИДЕ (федератсияи байналмилалии шоҳмот) Кирсан Илюмҷинов (собиқ президенти Қалмиқистони Русия) иброз доштааст.
Ин дидор, ки дар шаҳри Троблуси Либия нимашаби 13-уми июн сурат гирифт, бо бозии шоҳмот миёни ин ду нафар тайи ду соат идома кард.
Хабаргузории «Интерфакс» бар такя ба суханони Илюмҷинов менависад, сарҳанг Қаззофӣ аснои шоҳмотбозӣ гуфтааст, "ман на шоҳаму на президент, ман умуман ҳеч мансаб надорам, ки онро тарк кунам". Президенти ФИДЕ ҳамчунин афзудааст, ки мулоқоти мазкур на дар «паноҳгоҳи махфӣ» (бункер), балки дар як муассисаи маъмурии Троблус сурат гирифт.
Маврид ба ёдоварист, сафари Кирсан Илюмҷинов ба Либия ҷиҳати тарҳрезии нақшаи мусобиқоти байналмилалии шоҳмотбозон, ки моҳи октябр дар Троблус баргузор мешавад, анҷом пазируфтааст.