Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия бо роҳбарони олирутбаи Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомии дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард.
Бино ба иттилои расида, қарор аст, Игор Шувалов бо райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазир Оқил Оқилов мулоқот анҷом бидиҳад. Радиои «Озодӣ» аз нақли Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷӣ навиштааст, ки зимни ин дидорҳо бештар ба таҳкими ҳамкориҳо ва муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии Русияву Тоҷикистон тамаркуз мешавад.
Ҳамчунин, коҳиши боҷи гумрукӣ аз маҳсулоти нафтии Русия ва иҷрои қарордодҳои пешин миёни ду кишвар ҳам яке аз мавзӯҳои мавриди баррасӣ гуфта шудааст.