Константин Ромодановски ба Душанбе омад
Имрӯз, 20-уми сентябр ҳайати Ҳукумати Федератсияи Русия бо сафари корӣ ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба Душанбе омад.
Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангуи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар ҷараёни сафар муҳокимаи масъалаҳои ба танзимдарории раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳайати гурӯҳи корӣ, роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия Ромодановский К.О шомил мебошад.