Талабот ба хишт нархи онро гарон кардааст
То моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 65 миллиону 189,5 ҳазор дона хишт истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,5 миллион дона зиёд аст.
Тавре аз Вазорти энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 83 корхонаи хӯрду миёнаи хиштбарорӣ фаъолият дошта, 22 ҳазору 35 нафар дар ин корхонаҳо кор мекунанд. Ҳарчанд истеҳсоли хишт дар кишвар дар ҳоли афзоиш ёфтан аст, вале нархи ин навъи маҳсолеҳи сохтмонӣ нисбати соли гузашти қиммат шудааст. Сафар ном як сокини пойтахт, ки ба сохтумони хонаи истиқоматӣ машғул аст, дар сӯҳбат ба мо гуфт, нархи як дона хиштро аз 60 дирам то 1 сомону 20 дирам дастрас намудан мумкин аст: «Соли гузашта як дона хишт 40 дирам ва дар баъзе ҷойҳо то 80 дирам фурӯхта мешуд».
Бо таваҷҷӯҳ ба ин бархе аз тоҷирон сабаби баланд рафтани нархи хиштро ба зиёд шудани сохтмонҳо марбут медонанд. Дар ин ҳол, масъулини Вазорати энергетика ва саноат иброз медоранд, ки айни замон дар минтақаҳои гуногуни кишвар бунёди якчанд корхонаҳои хиштбарорӣ идома дошта, дар назар аст, ки сохтмони онҳо то охири соли ҷорӣ ба итмом расад.