Обама филми таҳқиромез ба Паёмбари Исломро таҳоҷумӣ тавсиф кард
Раисҷумҳури Амрико дар гуфтугӯ бо як шабакаи aмрикоӣ, филми «Бегуноҳии мусалмон»-ро таҳоҷумӣ тавсиф карда, онро маҳкум кард.
Барак Обама дар гуфтугӯ бо Девид Литерман, муҷрии саршиноси шабакаи CBS бо ишора ба сохти филми тавҳиномез ба ҷойгоҳи Паёмбари акрам (с), ки дар хоки Амрико сохта шуда аст, эълон кард, ки ин филм таҳоҷумӣ буда ва Амрико онро маҳкум мекунад. Вай зимни эътироф ба таҳоҷумӣ будани ин филми амрикоӣ- саҳюнистӣ идома дод, ки Амрико ҳеч иртиботе бо сохти он надорад ва ин ин филм ҳаргиз набояд баҳонае барои хушунат бошад. Вай ҳамчуни аз давлатҳои ҷаҳони ислом интизор дорад, ки ба ҳифзи амнияти диплoмaтҳои aмрикоӣ кумак кунанд.
Ба қавли Обама таъмини амнияти нерӯҳои амрикоӣ дар хориҷ аз кишвар, як авлавияти бартар аст ва ба ҳамин далeл паёме, ки Амрико барои ҷаҳони ислом дорад ин аст, ки интизор дорад, бо Амрико барои ҳифзи амнияти мардуми ин кишвар, ҳамкорӣ кунад.
Ҳиллари Килинтон, вазири хориҷаи Амрико низ дар вокуниш ба эътирозоти ҷаҳони ислом ба ин филми зиддиисломӣ таъкид кард, ки кишвараш то замони муҳокимаи онҳое, ки пушти кушта шудани сафири Амрико дар Бенғозӣ ва се дипломати дигари амрикоӣ истодаанд, ором нахоҳад гирифт.
"You Tube" рӯзи гузашта эълон кард, ки мушоҳидаи ин филми таҳқиромезро барои корбарони Арабистони Саъудӣ мутаваққиф карда аст. "Google " низ дастрасии корбарон дар Либия ва Миср ба ин филми таҳқиромезро манъ кард, хабар медиҳад хабаргузории «Форс».