Изҳороти СҶ “ИНДЕМ” оиди ғайриқонунӣ маҳдуд шудани дастрасӣ ба пойгоҳи интернетии Тоҷнюс
Раёсати Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” бо камоли таассуф изҳор медорад, ки шурӯъ аз 8-уми сентябр бо супориши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба пойгоҳи интернетии оҷонси иттилоотии TojNews дар бахши тоҷикии Интернет ё Тоҷнет маҳдуд гардид.
Дар ин бора зимни як баёнияи ахиран интишоршуда аз сӯи созмони “ИНДЕМ” омада, масъулини он мегӯянд, ин супориш, аввал тариқи СМС-паём ва сипас бо мактуби расмии роҳбари Хадамоти алоқа, тадриҷан, ба ширкатҳои дастраскунандаи Интернет ва алоқаи мобилӣ расонида шудааст: “Мутаасифона, Интернет-провайдерҳо ва ширкатҳои алоқаи мобилӣ, бархилофи талаботи қонунгузории ҷории миллию байналмилалӣ, инчунин, фарҳанги муомилоти корӣ, ки хоси ширкатҳои баобрӯ ва оммавӣ мебошад, аз ин амал ғайриқонунӣ дастгирӣ намуда, домени tojnews.org-ро бастанд. Талошҳои даҳрӯзаи мо барои дастрас кардани шарҳи расмии ин амал натиҷа надоданд”.
СҶ “ИНДЕМ” ин иқдомро хилофи талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои соҳавӣ эълом дошта, дар идомаи изҳороташ навиштааст, ки ин амал поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон барои дастрасӣ ба иттилооти мустақил, озодии баён ва гуногунандешӣ, эҷоди монеа барои амалӣ намудани фаъолиятҳои касбии журналистӣ ва дар кулл хатар ба амнияти иттилотии кишвар арзёбӣ мегардад.
-Фаъолиятҳои мо дар доираи қонунгузорӣ ва ахлоқи касбӣ пиёда шуда, ба ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ дар муҳити иттилоотӣ равона шудаанд, дар баробари иттилоърасонӣ, мо, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати равандҳои демократӣ дар кишварро аз арзишҳои худ дониста, дар соли ҷорӣ, рисолати худро ба ҳайси як ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, дар ташаккули фарҳанги нави муносибати мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаклдиҳии фарҳанги муошират дар форумҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем,-омадааст дар изҳорот.
Дар поёни изҳороти расмӣ СҶ “ИНДЕМ” аз масъулин тақозо доранд, ки ин мушкил ҳар чӣ зудтар ва дар доираи қонун бартараф гардад: “Маҳз ин арзишҳо моро водор месозанд, ки аз мақомоти зирабти ҷумҳурӣ шарҳи расмӣ ва баҳои ҳуқуқии ин иқдомро талаб намоем. Мо мутманем, ки чизе болотар аз волоияти қонун буда наметавонад”.
РS: СҶ «ИНДЕМ» 12-уми августи соли 2002 таъсис ёфта, фаъолияти он ҳамчун ташкилоти ироакунандаи кӯмакҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Соли 2006 аз қайди дубораи Вазорати адлия гузаштааст.