IFC ба Тоҷикистон 100 миллион доллар меорад
Кристофер Миллер, сарвари Барномаи IC дар Осиёси Марказии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) зимни як ҳамоиш дар Душанбе аз қабули лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», ки айни ҳол дар баррасии парлумон қарор дорад, истиқбол намуд.
Номбурда иброз намудааст, ки қабули чунин санад ба фазои мавҷудаи мусоиди сармоягузории Тоҷикистон боз як нишонаи мусбатро зам хоҳад кард ва дар назар аст, ки IFC дар доираи он дар соли 2013 ҷиҳати сармоягузорӣ ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёти мамлакат тақрибан 100 миллион доллар маблағҳои сармоягузориро ҷалб намояд. Аз Кумитаи давлатии сармягузорӣ ва идлораи амволи давлатӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин нишаст райиси ин ниҳод Давлатлӣ Саидов қабули санади мазкурро дар инъикоси рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ мусбат арзёбӣ намуда, ҳамзамон афзуд, ки «қабули он марҳилаи аввал аст ва моро зарур аст, ки тадбиқи воқеии онро минбаъд таъмин намоем».
Гуфта мешавад, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо кӯмаки фании IFC як қатор ислоҳотҳоро дар самтҳои санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ, шарикии давлат бо бахши хусусӣ, инчунин дар баргузории тендери байналмилалии азхудкунии комплексии захираҳои кони Конимансури Калон самаранок тадбиқ намуда истодааст.