Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёт аз дохили сабукрави «Нексия-Дайво» як миқдор маводи мухаддир мусодира карданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, аснои амалиёти мазкур бо иттиҳоми ғинтиқоли айриқонунии воситаҳои нашъадор Амиршо Гулмаҳмадови 32 сола, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон боздошт гардид.
«Зимни азназаргузаронии автомашинаи Амиршо Гулмаҳмадов, 1 адад халтаи полиэтиленӣ ёфт гардид, ки дар дохилаш 8 килою 850 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» мавҷуд буд»,-афзуд манбаъ.
Феълан, нисбат ба Амиршо Гулмаҳмадов парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.