Ҷаҳиши нархи орд дар бозорҳои Душанбе
Сӯбҳи имрӯз, 20-уми сентябр арзиши як халтаи 50 килоии орд дар бозору фурӯшгоҳҳои шаҳри Душанбе якбора то ба 180 сомонӣ расид.
Хабарнигори Озодагон, ки аз чанд нуқтаи фурӯши орд ва бозорҳои пойтахт дидан намуд, иттилоъ дод, ки айни ҳол як халта орд вобаста ба намудаш дар бархе бозорҳо аз 145 то 165 сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, камчинии орд боиси он шудааст, ки бархе сокинон бо арзиши 180 сомонӣ низ онро харидорӣ мекунанд.
Тоҷирони орд сабаби болоравии нархи ордро ба афзоиши қимати ин маҳсуот дар кишварҳои содиркунанда, аз ҷумла Қазоқистон рабт медиҳанд.