Синди Ли Гарсиа мегӯяд, бо фиреб дар филми «Бегуноҳии мусалмон» нақш бозидааст
Ҳунарпешае, ки дар филми «Бегуноҳии мусулмон» нақш бозидааст, алайҳи коргардони он ба додгоҳ шикоят бурд.
Синди Ли Гарсиа изҳор доштааст, ки ӯро ба гумроҳӣ бурдаанд. Ба қавли ҳунарпеша қабл аз наворгирӣ ӯро муътақид кардаанд, ки ин филми саргузаштиест ва ҳодисаҳои он дар биёбонҳои Ховари Миёна мегузарад. Аммо дар асл филм паёмбар Муҳаммадро масхара мекунад. Гарсиа ҳамчунин дар номаи шикоятияш ба додгоҳ сомонаи YouTube-ро ба ҳайси ҳамҷавобгар ном бурдааст. Вай даъво дорад, ки навор аз Интернет бардошта шавад, менависад Reuters.
Хотирасон мекунем, филми «Бегуноҳии мусалмон», ки дар он Пайғамбар Муҳаммад (с) таҳвин мешавад, дар ҷаҳони ислом шӯреро барангехт. Дар бештари кишварҳои мусалмоннишин мардум бо нишони эътироз ба кӯчаҳо рехтанд. Ин филм сабаби кушта ҳудуди 20 нафар, аз ҷумла сафири Амрико дар Либия- Кристофер Стивенс ва се дипломати дигари амрикоӣ дар Бенғозӣ гардид.
Ахиран, ҲНИТ низ бо пахши баёнияе «Бегуноҳии мусалмон»-ро шадидан маҳкум кард.