Эмомалӣ Раҳмон: Дар душвортарин лаҳза ба Ватан содиқона хизмат кунед
Теъдоди зиёди ҷавонони нашъаманд ва миқдори калони силоҳу муҳимоти дар шаҳри Хоруғ дар муддати як моҳи охир ба мақомот супоридашуда ҳар яки моро водор месозад, ки дар роҳи мубориза бо ин падидаҳои нангин бетарафӣ зоҳир накунем.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон аснои суханрониаш дар шаҳри Хоруғ дар ҳузури сокинони вилоят иброз дошт. Ба гуфти ӯ, беэътиноӣ ба ин масъалаи ниҳоят муҳим нишонаи он аст, ки мо дидаву дониста, фарзандони худро ҷониби марг ё пушти панҷараи маҳбас гусел мекунем.
Президент ба суханаш идома дода афзуд, аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст, ки фарзандонамонро таълиму тарбияи дуруст диҳем, то ки онҳо дар оянда ифтихори волидайну миллат бошанд ва ҳисси вафодориву садоқатро ба Ватани худ ҳеч гоҳ фаромӯш насозанд.
Дар робита ба ҳаводиси дар моҳи июли соли равон дар шаҳри Хоруғ иттифоқ афтода, ишора карда Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳодисаҳои шаҳри Хоруғ ҳамаи моро ҳушдор медиҳанд, ки ба тарбияи хештаншиносиву ватандӯстии насли наврас беш аз пеш эътибор дода, ин масъулияти бузургро дар заминаи садоқат ба Ватану ҷоннисории падарони бузургамон таҳким бахшем: «Ҳеч гоҳ фаромӯш насозем, ки гузаштагони мо дар душвортарин лаҳзаҳо ба Ватан содиқона хизмат намуда, бо саҳми худ дар пешрафти он ва беҳбудии рӯзгори мардум барои мо намунаи ибратанд».