Фаъолияти номуназзами «Тоҷиксемент» боиси боло рафтани нархи семент шудааст
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, тайи як соли охир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент мушоҳида мешавад.
Зимнан, дар як соли охир дар кишвар нархи семент 20% афзоиш ёфта,тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо имсол нархи семент дар муқоиса бо нархҳо дар моҳи сентябри соли гузашта, яъне 19 сентябрит соли 2011, 20 фоиз қимматтар мебошанд.
Феълан, дар дӯконҳои сементфӯрушии бозорҳои «Деҳқон»- у «Саховат» ва «Шоҳмансур»-у «Варзоб» нархи як кило семент 1 сомонию 10 дирам ба фурӯш гузошта шудааст.
Ба гуфтаи фурӯшандагони ин навъи маҳсулоти сохтмонӣ, сабаби болорави нархи семент ба фаъолияти номуназзами корхонаи «Тоҷиксемент» рабт дорад.
Дар ҳамин ҳол, дар бозорҳои Тоҷикистон ғайр аз сементи истеҳсоли ватанӣ аз кишварҳое назири Покистон, Русия ва дигар мамолик семент ворид карда мешавад, то талаботи муштариён қонеъ гардад.
Маврид ба тазаккур аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 1 корхонаи бузург ва 8 корхонаи хурди сементбарорӣ фаъолият дошта, сохтмони чандтои дигар дар назар аст.