Машрабов: Барқарорсозии «Корвон» идома дорад
50 дар сади корҳои бозсозӣ дар қисмати яклухтфурӯшии бозори «Корвон» ба анҷом расидааст.
Дар ин бора Нуршед Машрабов, мудири кулли ин бозор, ки он рӯзи 6-уми сентябр бар асари сӯхтор зарар дида буд, иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар бунёди мағозаҳо ва дуконҳои ин бахши бозор ҳудуди 600 нафар аз мутахассисон ва сохтмончиён фаъолият доранд: «То имрӯз корҳои сохтмонӣ дар бозор идома доранд ва бунёди бозор таҳти назорати масъулони шаҳрдории Душанбе ва кормандони Хадамоти оташнишонии ин шаҳр анҷом мешавад». Машрабов мегӯяд, аз ин ба баъд ба таври шабонарӯзӣ кор мекунему дар тӯли камтар аз як моҳ ин қисмати бозор дубора фаъол хоҳад шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки шоми 5-уми сентябри соли равон қисми яклухтфурӯшии бозори калонтарини пойтахт «Корвон» оташ гирифта, бар асари он 2000 тоҷир аз ҷои кор маҳрум гардиданд. Сӯхтор танҳо субҳи рӯзи дигар, 6-уми сентябр ба пуррагӣ хомӯш гардид. Аммо то ҳанӯз хисороти умумии молӣ ва омилони оташсӯзӣ муайян нашудааст.