Тоҷикистон аз Филиппин пеш гузашт. Ба гуфти намояндаи БҶ
Томас Очакосо, коршиноси Бонки ҷаҳонӣ иброз намудааст, ки Тоҷикистон бояд дар кӯтоҳтарин фурсат ҷиҳати ҳалли масоил ва мушкилоти ҷойдошта дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Ин нуктаро номбурда зимни баргузории як ҳамоише, ки дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт ва таъкид намуд, ки мақсад аз сафараш ба Тоҷикистон кӯмак намудан дар ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта мебошад: «Омодаем бо истифода аз таҷрибаи бисёрсолаи худ баҳри боз ҳам дуруст ба роҳ мондани кор дар ин самт мусоидат намоем».
Абдуллоҳои Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар ин нишаст Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ зери роҳбарии Сударшан Канагараҷа, Томас Очакосо ва Матин Холматов ҷиҳати баррасии ҳалли масоили муҳоҷирати меҳнатӣ ва мустаҳкам намудани мавқеъи Хадамоти муҳоҷират табодули назар намуданд. Дар ин нишаст гуфта шудааст, ки вазъи бозори ҷаҳонии меҳнат ва рақобат барои қувваи корӣ рӯз то рӯз пуршиддат мегардад ва Тоҷикистон бояд дар ин самт фаъол бошад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин сардори Хадамоти муҳоҷират ба коршиносони Бонки ҷаҳонӣ аз вазъи кунунии сохтор, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва нақшаҳои дарпешистода иттилоъ дода, илова намудааст, ки мушкилиҳо дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ дар наздиктарин фурсат ҳал хоҳанд шуд.
Манбаъ мегӯяд, дар ҷараёни ин мулоқот Сударшан Канагараджа, роҳбари Барномаи муҳоҷират дар ҳудуди Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хадамоти муҳоҷират ва барномаҳои дар ин самт омода намуда, ибрози андеша намуд. Роҳбари Барномаи муҳоҷират дар ҳудуди Аврупо ва Осиёи марказӣ қайд намудааст, ки Тоҷикистон дар ин ин соҳа дар муддати кӯтоҳтарин ба мувафақиятҳои назаррас ноил гардид: «Корҳоеро, ки Филиппин дар тӯли 10 сол ба анҷом расонида буд, Тоҷикистон тавонист, дар муддати кӯтоҳ анҷом диҳад».