Ҷопон барои як беморхона дар Ашт 115 ҳазор $ медиҳад
Хироюки Имаҳаши, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва Азимбой Азизов, раиси ноҳияи Ашт созишномаи грантӣ оид ба «Лоиҳаи беҳсозии беморхонаи минтақавии шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ашт»-ро ба имзо расониданд.
Дар ин бора ба “Озодагон” Беҳрӯз Узоқов, масъули омӯзиш оид ба лоиҳаҳои дастгирии грантӣ барои минтақаҳо ва бехатарии инсон иттилоъ дод. Бино ба иттилои манбаъ,Ҷопон дар чаҳорчўбаи кўмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ, мақсади дастгирӣ намудани соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ва инкишофи он, барои сохтани бинои нави замонавии тиббӣ маблағ ҷудо намудааст.
Ба гуфти манбаъ, бахши беморхонаи марказии ноҳияи Ашт дар шаҳраки Дустӣ ҷойгир аст, ки аз шӯъбаи ҷарроҳи, шӯъбаи терапевтӣ ва шӯъбаи гинекологӣ иборат мебошад: “Ин бино иборат аз 13 ҳуҷра буда, баъди пурра сохта ба истифода додани он ба беморхонаи минтақавӣ табдил хоҳад ёфт. Ин шифохона бо шароити зарурӣ барои гузаронидани ҷарроҳӣ таҷҳизонида мешавад”.
Маврид ёдоварист, дар беморхонаи мазкур ҳар сол тақрибан 6.000 нафар беморон аз гирду атрофи шаҳраки Дустӣ табобат мегиранд, ки 46%-и онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд. Айни ҳол дар беморхона танҳо 2 шӯъба, шӯъбаи кӯдакон ва занон вуҷуд дорад, ки табобати онҳо дар шароити номусоид ва ба талабот ҷавобгӯ нест.