Террористҳо омӯзгорон ва донишомӯзони суриро ба қатл таҳдид карданд
Ба гузориши хабаргузории Фoрс, ба нақл аз пойгоҳи хабарии "Ал-ҳақиқа": Соли таҳсилии ҷадид дар ҳоле дар Сурия оғоз хоҳад шуд, ки гурӯҳаки террористӣ бо номи "Атриши озод" иқдом ба таҳдиди омӯзгорон ва донишомӯзони сурӣ кардааст.
Ин гурӯҳаки террористӣ эълон кардааст, дар сурати ҳузури омӯзгорон ва донишомӯзон дар дарс, таваcсути афроди мусаллаҳи ин гурӯҳак ба қатл хоҳанд расид.Дар ин иртибот филмe мунташир шуда, ки тазоҳуркунандагони суриро дар яке аз манотиқи атрофи Димишқ нишон медиҳад, ки иттилоияҳоеро аз "Aртиши озод" дар даст доштанд, ки дар он омӯзгорон ва донишомӯзон дар сурати ҳузур дар дарс, таҳдид ба қатл шуда буданд.
Қарор аст, то чанд рӯзи дигар соли таҳсили ҷадид бо ҳузури 5 милиюн донишомӯз дар мактабҳо оғоз шавад, аммо ба назар мерасад, гурӯҳакҳои террористӣ дар Сурия дар пайи дар пеш гирифтани сиёсати толибон дар Афғонистон ҳастанд ва монеи ҳузури донишомӯзон бар сари синфҳои дарс шаванд.