«Клиникаи ҳуқуқӣ». Дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон
Дар Душанбе бо ёрии молиявии Хазинаи АвруОсиё, дар доираи лоиҳаи “Баробарӣ дар назди қонун: Дастрасӣ ба адолати судӣ”, ки аз тарафи вазорати умури хорҷӣ амалӣ карда мешавад, клиникаи ҳуқуқӣ кушода шуд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз раёсати ин донишгоҳ иттилоъ доданд, дар клиника 30 донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ва 4 нафар устодони донишгоҳ ба кор шурӯъ хоҳанд кард: “Ҳамарӯза 5 донишҷӯ ба ашхосӣ мӯҳтоҷи ёрии ҳуқуқӣ кӯмаки бемузд менамоянд, ин маслиҳатҳо аз ҷониби донишҷӯёни курсҳои болоӣ бо сарварии муаллимони таҷрибадор амалӣ мегардад”.
Гуфта мешавад, клиникаи ҳуқуқӣ – ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, мақсади он ёрии бемузд расонидан ба аҳолӣ мебошад. Аслан клиникаҳои ҳуқуқӣ дар назди мактабҳои олӣ кушода мешавад, то ки ба донишҷӯён имконияти гирифтани таҷрибаи мушовирӣ, ба устодон бошад, сатҳи корозмудагии худро нигоҳ дошта, дониши назариявиро дар амал нишон диҳанд.
Дар маросими кушодашавии клиника Абдусалом Миралиев, ноибраиси донишгоҳ оид ба таълим, Қудрат Давлатов, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Эмомалӣ Насурдинов, декани факултаи ҳуқуқ , Равшан Абдуллоев, раиси Хазинаи АвруОсиё дар Осиёи Марказӣ, ва менеҷери лоиҳаи “Баробарӣ дар назди қонун: Дастрасӣ ба адолати судӣ” Азимҷон Сайфиддинов ва донишҷӯёни ДМТ иштирок доштанд.