«МегаФон» сифати иртиботро беҳтар мекунад
Ширкати «МегаФон» дар моҳи август даҳ истгоҳи иртиботи бесими нави насли дуюм ва сеюмро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тавре Шаҳноз Комилзода, пиар-менеҷери ширкати мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, дар пайи ин сифати алоқа дар ҷамоатҳои Сарикиштӣ, Лоҳур, Зайнабобод ва Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар шаҳри Душанбе (дар ноҳияи Сино) ба маротиб беҳтар шуд: «Алоқаи мобилӣ аз «МегаФон» барои нахустин бор дар ҷамоати Далёни поёни ноҳияи Ғончӣ ва Ғудоси ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ имконпазир шуд, ба замми ин дар ҷамоатҳои Кеврон ва Вишхарви ноҳияи Дарвоз ва ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷи ВМКБ истгоҳҳои иртиботи бесими нав сохта шуд, ки имкони гуфтугўи телефониро ба вуҷуд овард».
Ҳамазамон, ширкати «МегаФон» рушду тавсеаи тиҷорати бахши хусусиро идома дода, фақат дар моҳи августи соли равон беш аз шаш нуқтаи фурӯш ва хидматрасонӣ ба муштариёнро ифтитоҳ кард.Толорҳои оператор дар кӯчаҳои Южно -обходная (Корвон), Сомон (Гипрозем), хиёбони Рӯдакӣ 81(Горбушка)-и шаҳри Душанбе ба фаъолият шурўъ намуданд.
Ба қавли манбаъ, дар моҳи август марказҳои хизматрасонии нави «МегаФон» дар ноҳияи Тоҷикобод, ҷамоатҳои Обикиик ва Хуросони вилояти Хатлон ва ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.