Дар вилояти Суғд Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Парчам таҷлил мешавад
Ахиран, райиси вилояти Суғд қарори марбутаро оид ба таҷлили «Рӯзи Конститутсии (Сарқонуни) ҶТ» дар қаламрави он минтақа ба имзо расонид.
Дар асоси ин санад, 6 ноябри соли ҷорӣ дар сартосари вилоят Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил карда мешавад.Ҳамчунин, қарори раиси вилоят «Дар бораи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27 августи соли ҷорӣ №214 ба тасвиб расид, ки мутобиқ ба он рӯзи 24 ноябри соли
2012 дар ҳудуди вилоят Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил мегардад.
Дар ин замина шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят, кор бо занон ва оила, раёсатҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилоят вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати тарғиби дастовардҳои истиқлолият, нақши Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ҳидоят ба ваҳдат, сулҳу ризоияти миллӣ, эҳтиром ва таъмини волоияти қонун байни мардум ва инчунин барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи
Парчами давлатӣ дар маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳо андешанд.
Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон то рӯзи ҷашн дар шаҳру навоҳии вилоят сӯҳбату мулоқотҳо, гузаронидани конференсия, семинарҳо доир ба нақш ва мақоми Конститутсия дар мактабҳои миёна, олӣ ва миёнаи махсус, таҳия ва пахши барномаҳо дар телевизион ва радио, чопи маводҳо дар матбуот доир ба Парчами давлатӣ ва нақшу мақоми он дар ҷомеа ва дигар чорабиниҳо дар назар аст.