Сарвазири Тоҷикистон аз Хатлон дидан мекунад
Оқил Оқилов, нахуствазири кишвар ҷиҳати шиносоии наздик бо ҷараёни омодагии вилояти Хатлон ба мавсими тирамоҳу зимистон ба ин минтақа сафар мекунад.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон ба хабарнигори маҳаллии Озодагон иттилоъ доданд, зимнан дар маркази маъмурии вилоят-шаҳри Қӯрғонтеппа сарвазир доир ба вазъи омодагии бахшҳо ва сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят ба зимистон машварат баргузор менамояд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони як қатор корхонаву ташкилотҳои давлатии қаламрави вилоят ширкат хоҳанд варзид. Дар нишаст, ҳисоботи шахсони масъули анҷоми корҳои омодагӣ ба фасли сармо шунида шуда, масоили захира кардани ангишту газ ва маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ мешаванд.