Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон
Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ҷиҳати ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба он ҷо сафар кард.
Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, дар ин сафараш Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ ва чанд ноҳияи ин вилоят ташриф оварда, як зумра иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад ва ба сохтмони иншооти зиёди дигар оғоз мебахшад.
Гуфта мешавад, мулоқоту сӯҳбатҳои бевосита бо мардуми касбу кору гуногун ва маҷлиси машваратӣ бо роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ аз ҳадафҳои асосии ин сафар аст. Ҳамчунин, райисҷумҳур дар расми ифтитоҳи бинои мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои 640 хонанда иштирок мекунад. Ин мактаб дорои хобгоҳ барои 450 нафар буда ва дар он камбизоатон ва бепарасторони вилояти Бадахшон ва дигар манотиқи Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.