“Мусалмонҳои бегуноҳ” ғазаби мусалмонҳоро барангехт
Теъдоди кишварҳое, ки дар робита ба намоиши филми “Мусалмонони бегуноҳ” эътироз мекунанд, афзоиш меёбад.
Дар Дания эътирозгарон назди сафорати ИМА гирди ҳам омаданд. Пулис чанд иштирокдори ин намоиши эътирозиро боздошт кардааст. Дар Белгия бошад, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот бештар аз 200 нафарро дастгир карданд. Тазоҳурот инчунин бо иштироки ҷамъияти зиёд дар Миср, Яман ва Либия ҷараён дорад.
Хотирасон мекунем, дар Либия эътирозгарон ба консулгарии Амрико дар Бенғозӣ ҳамла бурда, сафир Крис Стивенс ва се дипломати дигари амрикоиро ба ҳалокат расонданд. Ба иттилои расонаҳо Ҳукумати Либия дасти кам 50 нафарро бо гумони ҳуҷум ба сафорати ИМА дастгир кардааст.
Намоишҳои эътирозӣ баъди намоиши филми “Мусалмонони бегуноҳ”, ки дар он
пайғамбар Муҳаммад (с.а.с.) таҳвин шудааст, оғоз гардид.