Эмомалӣ Раҳмон бо Мартин Мармӣ ва Бирюков мулоқот кард
Президенти Тоҷикистон Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Мармӣ ва Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА Эдуард Бирюковро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар нишаст масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва барномаи ТРАСЕКА доир ба бунёди долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё баррасӣ шуд.
Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси нави Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилиро доир ба муаррифии лоиҳаи “Шоҳроҳи намунавӣ” дар масири сараҳади Қирғизистон-Ҷиргатол-Рашт-Душанбе-Қурғонтеппа-Панҷи Поён-сарҳади Афғонистон мавриди дастгирӣ қарор дода, ҳамзамон чанд таклифу пешниҳоди дигар ба миён гузошт. Аз ҷумла пешниҳод карда шуд, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба дар минтақаи озоди иқтисодии “Панҷи Поён” як Маркази муосири логистикаи автомобилӣ бунёд карда шавад.
Ба ҷуз ин, таваҷҷӯҳи бештар ба масоили омодагӣ ба раисии Тоҷикистон дар ТРАСЕКА дар соли 2013 ва ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба рушди нақлиёти автомобилӣ ва имкониятҳои транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зоҳир гардид.