2 миллиард $ дар як сол. Табодули амвол миёни Тоҷикистону Чин
Аз 18 то 21 сентябри дар Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти содиротии Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури Хитой баргузор мегардад.
Дар намоишгоҳи мазкур, ки бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва бо дастгирии ҳукумати кишвар сурат мегирад, шартномаҳои ҳамкории дуҷониба баста хоҳанд шуд.
Бино ба иттилои расида, дар намоишгоҳ ба маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва саноат диққати хоса дода мешавад. Дар ҳошияи намоишгоҳ ҳамоиши аҳли тиҷорати Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур ва муаррифии Минтақаи озоди иқтисодии ноҳияи Қошғар дар назар аст.
Сопи Муталлиб, муовини сарвари кулли маъмурияти ҳамкории наздимарзии Шинҷону Уйғур мегӯяд, бо итминон метавон гуфт, ки Тоҷикистон барои давлати мардумии Чин дар бахши тиҷорат шарики ҷолиб маҳсуб меёбад.
Ёдрас менамоем, тайи даҳ охир гардиши амвол миёни Тоҷикистон ва Чин сад баробар афзуда, муомилоти солонаи он бештар аз 2 миллиард долларро ташкил дод. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 50 лоиҳаи калони муштарак бо сармоягузории чинӣ фаъолият дорад.