20.000 доллари як сокини пойтахт ба яғмо рафт
Кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансур аснои як амалиёти вижа Оятулло Саидови 33- сола, сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Ҷангалободро бо ҷурми қаллобӣ боздошт кардаанд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, номбурда моҳи сентябри соли 2012 бо роҳи фиреб ба боварии Қиёмуддин Каримови 40- сола, сокини кӯчаи Панфилови пойтахт даромада, аз ӯ 20000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Саидов қаблан бо моддаи 247-и КҶ суд шуда, пас аз адои ҷазо ба озодӣ баромада буд.
Феълан, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.