Вокуниши беш аз 100 синамогари эронӣ ба филми тавҳиномез
Беш аз сад тан аз ҳунармандон ва синамогарон тайи баёнияи муштарак сохти филми зиддиисломӣ тавассути филмсози амрикоӣ ва иҳонат ба соҳати муқаддаси Паёмбари бузурги Ислом(с)- ро маҳкум карданд.
Матни ин баёния ба ин шарҳ аст: «Андешаҳои нажодпарастонаи ҳоким бар ҷаҳони ғарб вақте тавонист аз фирқасозии резу дурушт дар ҷаҳони Ислом ба аҳдофи худ бирасад, чанд солест, ки нўки пайкони ҳамалоти худро мутаваҷҷеҳи чеҳраи тобнок ва илоҳии Паёмбари бузурги Ислом(с) кардааст. Онҳо мехоҳанд аз симои дурахшони ҷаҳони инсоният, ки дини осмонияш бештарин маориф ва омузаҳои зиддинажодпарастонаро ба инсоният арза кардааст, интиқом бигиранд. Аз Салмони Рушдӣ, то карикатуристи донморкӣ ва то он кашиши ҳатток ва то ҳамин филми зиддиинсонии коргардони амрикоӣ ҳама ва ҳама пораҳое аз ин филмномаи зиддибашарӣ мебошад».
Хонаводаи синамои Эрон, зимни маҳкум кардани ин гуна иқдомот, аз ҳунармандони синамогари соири кишварҳо, бавижа Амрико мехоҳад то бо маҳкум кардани созандагон ва ҳомиёни ин филм иҷоза надиҳад то нажодпарастони сиёсӣ беш аз ин сармояҳои ситурги ҷаҳони башариро мавриди таарруз қарор диҳанд.