Осори гаронарзиш дар музейи Теҳрон
Музеи ҳунарҳои муосири Теҳрон соҳиби ганҷинае арзишманд ва беназир аз беҳтарин осори ҳунрамандони бузурги ҷаҳон аст,ки дар миёни осори қиматгузоришудаи ин ганҷина тоблуи Ҷексон Пулак бо маблағи 2,5 миллион доллар рекорд дорад.
Ба гузориши хабаргузории "Форс",ин музей яке аз 10 музеи бартари ҳунари муосири ҷаҳон аст,он ҳам ба воситаи доштани осоре мунҳасир ба фард ва шоҳкорҳое аз бузургтарин ҳурнармандони наққош ва муҷассамасози аврупоиву амрикоӣ.Аҳамияти ин осор ба андозаест,ки Эдвард Луси Смидт, муаррихи англисӣ ва ҳунаршиноси матраҳи ҷаҳон дар бораи он гуфтааст: «Музеи ҳунарҳои муосири Теҳрон яке аз муҳимтарин ва комилтарин маҷмӯаи шоҳкорҳои ҳунари таҷассумии муосири ҷаҳонро дар ихтиёр дорад. Ганҷинаи ин музей бо дарбар доштани осоре аз оғози даҳаи 1870 то поёни соли 1980 тасвире ҷомеъ аз рӯйдодҳои муҳими пешрафт ва тавсеаи ҳунари наққошӣ ва муҷассамасозии ғарб ироа мекунад».
Сохтмони ин музей дар замине бо масоҳати 2000 метри мураббаъ ва дар соли 1356 (1967 м.) бино шуд ва табдил ба ганҷинае барои нигаҳдории шоҳкорҳои ҳунари Эрон ва ҷаҳон шуд.
Осори Камолулмулк, наққоши машҳури Эрон ва шогирдонаш, осоре аз Маҳ-муди Фаршчиён, Муҳаммади Эҳсоӣ, Эраҷи Искандарӣ, Носири Увайсӣ, Ой-дини Оғдошлу... низ дар ин музей нигаҳдорӣ мешаванд.