Владимир Путин ба Душанбе меояд?
Бино ба навиштаи бархе аз хабаргузориҳои Русия қарор аст, 19 ва 20-уми сентябр президенти он кишвар озими Бишкек шавад ва аз он ҷо ба Душанбе биёяд.
Дар ҳамин ҳол, Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия бо ишора ба мулоқоти ахири Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, ки моҳи майи соли равон дар Маскав доир шуд, гуфт, раҳбарони ду кишвар ба мувофиқат расидаанд, ки дар охирҳои моҳи сентябр ва ё ибтидои моҳи октябр Путин аз Тоҷикистон зиёрат мекунад: «Дар ҳамон сӯҳбат ду раҳбар пешбинӣ карда буданд, ки шояд то ҳамон вақт тамоми паҳлӯҳои мавриди баҳси тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳаллу фасл шавад».
Гуфта мешавад, масоили меҳварии сӯҳбати ду перезидент атрофи сарнавишти минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки замони буду боши он дар Тоҷикистон соли 2014 ба поён мерасад. Моҳи сентябри соли гузашта Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии вақти Русия баъди мулоқоташ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда буд, ки қарордод миёни ду кишвар оиди Пойгоҳи низомии 201 дар семоҳаи аввали соли 2012 ба имзо мерасад.
Маврид ба ёдоварист, тайи як моҳи ахир гурӯҳи кории Русия зери раҳбарии муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Антонов барои тамдиди ҳузури бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар ба Душанбе ду маротиба