Ронандаи ҷавон ду нафарро захмӣ кард
Аз 10-умто 16-уми сентябр дар шаҳри Душанбе 10 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандон ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз БДА-и пойтахт подполковники милитсия Шерафган Латипов иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, 14-уми сентябри соли равон соати 07-35 дақиқа ронандаи автомашинаи «Opel-Vectra» Шуҳрат Азимов соли таваллудаш 1993 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Шоҳтемур, аз ҷониби кӯчаи А.Лоҳутӣ ба самти кӯчаи Аҳмади Дониш, дар рӯ ба рӯи бинои корхонаи истеҳсоли машрубот (маъруф ба “Пивзавод”) пиёдагардон Муниса Малаховаи 14-сола ва Фарзона Малаховаи 5 соларо пахш карда, аз пой меафтонад, ки онҳо зарари ҷисмонӣ гирифта, дар беморхонаи марказии тиббӣ бистарӣ мешаванд.
-Аз таҳлилҳои коршиносони БДА бармеояд, ки сабаби асосии ба амал омадани ҳодисаҳои нақлиётӣ, ин риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳам аз ҷониби пиёдагардон ва ҳам аз ҷониби ронандаҳо мебошад- афзуд Шерафган Латипов.