Вазъи саломатии Муҳаммадҷон Шакурӣ, академики тоҷик, ки чанд вақт боз аз ҳисоби маризии гурда ранҷ мебарад, имрӯз хеле вазнин шудааст.
Чанд тан аз пайвандону наздикони ӯ дар суҳбат ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки айни ҳол устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар беморхонаи «Ибни Сино»-и пойтахт дар як ҳолати хеле вазнин, тавассути дастгоҳи сунъӣ нафас кашида истодааст. Бояд зикр намуд, чанде қабл Муҳаммадҷон Шакурӣ барои муолиҷа ва истироҳат ба давлати исломии Эрон рафта буд.Тибқи иттилои пайвандони ӯ, ахиран бемории устод хурӯҷ карда, пеш аз сафараш ба Эрон як ҳафтаи ахир дар касалхонаи Ибни Синои Душанбе табобат мегирифт. Муҳаммадҷон Шакурӣ 87 сол дорад. Ӯ аз моҳи ноябри соли гузашта то моҳи марти имсол нахуст дар Теҳрон ва сипас дар шаҳри Ню-Кассли Бритониё, ки писараш Анвар дар он ҷо зиндагӣ мекунад, таҳти муолиҷаи духтурон қарор дошт. Маврид ба тазаккур аст, ки академик Шакурӣ аз соли 1996 ба ин сӯ узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Теҳрон аст. Соли 2005 ӯ ба унвони "чеҳраи мондагор" дар Эрон баргузида шуд. Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳудуди 50 китоб дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла адабиётшиносӣ ва таърих, фарҳанг ва забон навиштааст. Китоби "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад"-и ӯ боиси шӯҳрати рӯзафзунаш гашта, он ҳанӯз дар аввали солҳои 80-уми асри гузашта ба ин тараф чандин маротиба ба нашр расидааст. Ҳамчунин, ду асари гаронарзиши ӯ: "Хуросон аст инҷо" ва "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" аз таълифоти ахираш маҳсуб мегарданд.