Аз китобхонаи миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин нишаст профессор Баҳриддин Камолдиддинов зимни баромадаш Носирҷон Маъсумиро яке аз шахсиятҳои калидии давр унвон намуда афзуд, Маъсумӣ бо офаридани асарҳояш тавонист ба баҳси забони тоҷикӣ нукта гузорад: «Носирҷон Маъсумӣ яке аз шахсиятҳое мебошад, ки хизмати ӯ дар илми забоншиносии тоҷик хеле бузург аст».
Ҳамзамон, дар ҳамоиши мазкур зикр гардид, ки Носирҷон Маъсумӣ дар баробари забоншинос будан, шоир, нависанда, луғатнигор ва олими бузург ҳам буд.