«Барқи тоҷик»: Фаъолияти гармхонаҳо зараровар аст
Абдулло Ёров, раиси ширкати номбурда мегӯяд, агар тамоми пули дар гардиши «Барқи тоҷик» бударо ҷамъ намоем, барои роҳандозии фаъолияти гармхонаҳо ва Марказҳои гармубарқдиҳӣ дар Душанбе намерасад.
Айни ҳол, Маркази гарму барқдиҳии Душанбе бо иқтидори 198 мегаватт, Маркази гарму барқдиҳии Ёвон 120 мегаватт ва гармхонаи ғарбӣ, ки танҳо оби гарм медиҳад ва гармхонаи шарқӣ дар ҳудуди пойтахт мавҷуд мебошанд.Ҷаноби Ёров барои исботи зарароварии фаъолияти марказу гармхонаҳо далел меорад, ки дар фасли сармои гузашта, Маркази гарму барқдиҳии Душанбе бо иқтидори ҳамагӣ 30 мегаватт фаъолият намуда, 90 миллион сомонӣ зарар овардаст.
Ба гуфтаи, ӯ барои таъмини фаъолияти гармхонаҳо гази табиӣ ё мазут зарур аст, ки Тоҷикистон дар айни ҳол аз ягонтои онҳо бархурдор нест: «Ҳукумат ва Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон айни ҳол бо «Газпром» ва дигар ширкатҳо кор намуда истодаанд, то газу нафти худиро ёбему Марказу гармхонаҳоро бо сӯзишворӣ таъмин намояд».