Банан бо маблағи 40.000 сомонӣ ба яғмо рафт
Зимни амалиёти кормандони милиса Искандар Почоеви 34-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Қиблаӣ ҳамчун гумонбар дар қаллобӣ дастгир шудааст.
Тибқи иттилои ВКД, номбурда моҳи январи соли 2012 бо роҳи фиреб ба боварии Тоҷиддин Сатторов, сокини кӯчаи Клара Сеткинаи пойтахт даромада, аз ӯ ба маблағи 40.000 сомонӣ меваи «банан» гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Феълан, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши он идома дорад.